- лой
- III[لاي]1. хоки бо об омехтаву шӯрида, ки дар деворзанӣ, андова ва ғ., ба кор мебаранд; гил; гили нарми таҳи оби ҷӯ, ҳавз ва ғ., таҳнишин: лойи бӯтана, лойи сақичмонанди часпак, лойи шита, лойи шуррут, ба бом лой кашидан, ба лой ғӯтидан, ба лой девор задан, дар лой банд шудан; лойи муолиҷавӣ гиле, ки барои табобати баъзе дардҳо истифода мебаранд; замини лой замини обу хокашро ба лой табдилдода; замини намиаш зиёд ва нарм, ки шудгору кишт кардан имконнопазир аст; оби лой оби гилолуд, оби ғайри соф: об лой шудан; лой кардан а) хоку обро омехта, лой тайёр кардан; б) гуфт. лойолуд кардан (мас., либосро), ба гилу лой расонда, чиркин кардан (мас., дастро); в) обро лой кардан, гилолуд кардан; лой хобондан тайёр карда, дам додани лой; роҳ лой шудан ба лой табдил ёфтани хоки роҳи бефарш (дар натиҷаи боришот ва ғ.)2. гуфт., маҷ. пул, пули аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст даромада, пули ҳаром: лойи чизеро гирифтан◊ об(ро) лой кардан а) дар коре ё ҷое қасдан бесарусомонию бетартибӣ барпо кардан (барои рӯпӯш кардани ягон сирри худ); б) дар байни мардум шӯру фитна андохтан; об(ро) лой карда, моҳӣ доштан корро қасдан чигилу вайрон карда ё дар байни одамон шӯру фитна андохта, ба мақсади нопоки худ расидан; обу лой кардан чизеро чизи дуздиро фурӯхтан; чизеро пинҳонӣ ё ба нархи ғайриқонунӣ фурӯхта, пули онро аз они худ кардан; аз лой гурехта, ба лойдон афтодан назири аз борон гурехта, ба новдон дучор шудан; бо як лой ду похса задан назири ба як тир ду нишон задан; хари касе аз лой гузаштан муҳими касе бароварда шудан, рафъ шудани эҳтиёҷи касе, мушкили касе ҳал шудан; об аз боло лой (аст) // об аз сар лой (аст) (мақ.) кор аз бунёдаш вайрон (дар мавриди аввал сардорон қонунро вайрон кунанду сипас тобеонашон аз онҳо ибрат гиранд, гуфта мешавад)III[لاي]1. ниг. ло II2. боф. ҳар қабати ба навор печидаи матои бофташуда: як лой карбос; як лой зиёд (будан) аз тахмин зиёд (будан); аз гумони касе як дараҷа беҳтар (будан)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.